Созмони Милал: Танишҳои марзии Покистону Афғонистон бояд фавран коҳиш ёбад
Порс-Тудей. Комиссари олии паноҳандагони Созмони Милал бо ишора ба даргириҳои ахир дар марзи Афғонистону Покистон, хостори коҳиши фаврии танишҳо ва ҳифзи суботи минтақаӣ шуд.
Филиппо Гранди, мақоми аршади Созмони Милал якшанбешаб дар вокуниш ба гузоришҳои марбут ба даргириҳои марзӣ миёни Афғонистону Покистон, таъкид кард, ки ин минтақа солҳост бо буҳронҳои инсонӣ ва оворагӣ мувоҷеҳ будаву идомаи танишҳо ҳеҷ натиҷае надорад.
Вай дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки ба хотири осебдидагону суботи минтақа, бояд ба коҳиши фаврии танишҳо умедвор буд. Ин изҳорот пас аз ҳамалоти ҳавоӣ дар Кобул ва вилоятҳои Пактико, Хуст ва Нангарҳор матраҳ шуд. Ҳамалоте ки манобеи афғонистонӣ онро ба артиши Покистон нисбат додаанд ва гуфтаанд, мунҷар ба кушта шудани Нур Валӣ Меҳсуд, раҳбари Таҳрики Толибони Покистон шудааст. /ИРНА