Оғози содироти рейлӣ аз устони Марказии Эрон ба Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122458-Оғози_содироти_рейлӣ_аз_устони_Марказии_Эрон_ба_Афғонистон
Порс тудей – Мудири кулли роҳи оҳани минтақаи Ароки Эрон гуфт : Аввалин бахши содиротии гидрокарбони сабук ба вазни 1200 тон , мутаъаллиқ ба ширкати Эксир пӯён бо ҳамкории бахши хусӯсӣ , аз истгоҳи Роҳгарди Арок ба мақсади истгоҳи Равзанаки Афғонистон ирсол шуд.
(last modified 2025-10-18T06:49:18+00:00 )
Октябр 18, 2025 11:43 Asia/Dushanbe
  • Оғози содироти рейлӣ аз устони Марказии Эрон ба Афғонистон
    Оғози содироти рейлӣ аз устони Марказии Эрон ба Афғонистон

Порс тудей – Мудири кулли роҳи оҳани минтақаи Ароки Эрон гуфт : Аввалин бахши содиротии гидрокарбони сабук ба вазни 1200 тон , мутаъаллиқ ба ширкати Эксир пӯён бо ҳамкории бахши хусӯсӣ , аз истгоҳи Роҳгарди Арок ба мақсади истгоҳи Равзанаки Афғонистон ирсол шуд.

Саиди Туркӣ бо баёни ин хабар афзуд,ки устони Марказӣ дар остонаи як рӯйдоди муҳими ҳамлу нақл қарор дорад. Туркӣ таъкид кард : Маҳмӯлаи содиротӣ аз масири марзи рейлии Шамтиғ убур карда ва фасли тозае аз содироти рейлӣ дар минтақа маҳсӯб мешавад . Вай гуфт : иҷрои муваффақи ин амалиёт дарвозаҳои наве барои содироти маҳсӯлоти саноъатии Эрон ба бозори Афғонистону Осиёи миёна эҷод карда, ки ин муваффақият натиҷаи ҳамкории бахши хусӯсӣ , ширкати роҳи оҳан ва фаъолони бахши  боркашонӣ аст.