Намояндаи Порлумони Аврупо: Ҷаҳон набояд аз канори ҷиноёти Исроил бигзарад
-
Барри Андрюз, узви Порлумони Аврупо аз Ирландия
Порс-Тудей. Намояндаи кишвари Ирландия дар Порлумони Аврупо бар зарурати муҳокимаву муҷозоти сарони режими саҳюнистӣ ба сабаби иртикоби ҷиноёти наслкушӣ ва куштори ҷамъӣ алайҳи мардуми мазлуми Ғазза таъкид кард.
Барри Андрюз, узви Порлумони Аврупо аз Ирландия гуфт, ки таҳаққуқи сулҳи воқеӣ ва пойдор дар Ғарби Осиё танҳо аз масири адолат ва муҳокимаи Исроил барои ҷиноёташ дар Ғазза мегузарад.
Намояндаи ирландии Порлумони Аврупо дар айни ҳол аз Иттиҳоди Аврупо хост, гузинаи таҳрими режими саҳюнистиро ҳамчунон рӯи миз нигаҳ дорад.
Андрюз афзуд, сулҳи воқеӣ замоне мумкин аст, ки адолат барои фаластиниёне ки зери бомбаборону ишғол зиндагӣ кардаанд, таҳаққуқ ёбад.
Вай бо интиқод аз рӯйкарди амниятмеҳвари Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт: Ҳеҷ созукори сиёсии ояндае набояд сирфан бар тартиботи амниятии муваққат такя кунад, балки бояд бар адолату посухгӯӣ устувор бошад. Таҳрими Исроил танҳо як абзори фишори сиёсӣ нест, балки тааҳҳуде ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ бар асоси қавонини байналмилал аст. /ИРНА