Ардуғон : Исроил гуруснагиро ба унвони силоҳ алайҳи кӯдакон ба кор гирифтааст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122676-Ардуғон_Исроил_гуруснагиро_ба_унвони_силоҳ_алайҳи_кӯдакон_ба_кор_гирифтааст
Порс тудей - Раиси ҷумҳӯри Туркия гуфт : Исроил дар ҳоли ҳозир гуруснагиро ба унвони силоҳи маргбор , ба вижа алайҳи кӯдакон ба кор гирифтааст.
(last modified 2025-11-01T08:15:42+00:00 )
Ноябр 01, 2025 13:03 Asia/Dushanbe
  • Раҷаб Тайиб Ардуғон , раиси ҷумҳӯри Туркия
    Раҷаб Тайиб Ардуғон , раиси ҷумҳӯри Туркия

Порс тудей - Раиси ҷумҳӯри Туркия гуфт : Исроил дар ҳоли ҳозир гуруснагиро ба унвони силоҳи маргбор , ба вижа алайҳи кӯдакон ба кор гирифтааст.

Раҷаб Тайиб Ардуғон , раиси ҷумҳӯри Туркия таи суханоне дар Истамбул гуфт : Туркия омодааст на танҳо дасташ , балки тамоми вуҷӯдашро зери бор бигузорад то ҳарчӣ зудтар Ғазза ба пои хезад.Ӯ таъкид кард : Исроил ҳам силоҳи ҳастаӣ дорад, ҳам қавитарин бомбаҳоро дар ихтиёр дорад ва ҳар вақте ки бихоҳад , Ғаззаро бомбаборон мекунад , ин режим чигуна метавонад маъсум бошад ?. Ардуғон гуфт : Созмонҳои байналмилалӣ масъӯли барқарории сулҳу суботи ҷаҳонӣ , ҳеҷ иқдоме ба манзури таваққуфи қатли омҳо , наслкушиҳо ва наҷоти ҷони кӯдакон анҷом надоданд.