Паёми табрики раисиҷумҳури Эрон ба муносибати солрӯзи инқилоби Алҷазоир
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122700-Паёми_табрики_раисиҷумҳури_Эрон_ба_муносибати_солрӯзи_инқилоби_Алҷазоир
Порс Тудей - Раисиҷумҳури Эрон бо табрики солрӯзи инқилоби Алҷазоир, рӯҳияи истеъморситезӣ ва муборизоти мардуми ин кишварро илҳомбахш барои озодихоҳони ҷаҳон хонд.
(last modified 2025-11-02T08:32:38+00:00 )
Ноябр 02, 2025 13:31 Asia/Dushanbe
  • Самти рост: Масъуди Пизишкиён ва самти чап: Абдулмаҷид Теббун, раисиҷумҳури Алҷазоир
    Самти рост: Масъуди Пизишкиён ва самти чап: Абдулмаҷид Теббун, раисиҷумҳури Алҷазоир

Порс Тудей - Раисиҷумҳури Эрон бо табрики солрӯзи инқилоби Алҷазоир, рӯҳияи истеъморситезӣ ва муборизоти мардуми ин кишварро илҳомбахш барои озодихоҳони ҷаҳон хонд.

Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар паёме ба Абдулмаҷид Теббун, раисиҷумҳури Алҷазоир ба муносибати ҳафтоду якумин солрӯзи инқилоби озодибахш ва Рӯзи миллии ин кишвар, рӯҳияи истеъморситезӣ, истиқлолталабӣ ва рашодатҳои мардуму раҳбарони Алҷазоир дар даҳаҳо муборизаи озодихоҳонаро манбаи илҳомбахш барои миллатҳо ва раҳбарони озодихоҳи ҷаҳон тавсиф кард.

Пизишкиён ибрози итминон кард, ки бо баҳрагирӣ аз пайвандҳои торихӣ ва зарфиятҳои муштарак байни Эрону Алҷазоир равобити дукишвар дар ростои манофе ва масолеҳи ду миллати беш аз пеш густариш хоҳад ёфт. /Садо ва симо