Мадоро : Барои дифоъ аз ҳокимияти миллии Венесуэла омодаи « муборизаи мусаллаҳона » ҳастем
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123276-Мадоро_Барои_дифоъ_аз_ҳокимияти_миллии_Венесуэла_омодаи_муборизаи_мусаллаҳона_ҳастем
Порс тудей - Раиси ҷумҳӯри Венесуэла таъкид кард : Барои дифоъ аз ҳокимияти миллии Венесуэла омода « муборизаи мусаллаҳона » ҳастем.
(last modified 2025-12-06T05:55:34+00:00 )
Декабр 06, 2025 10:52 Asia/Dushanbe
  •   Николас Мадоро-раиси ҷумҳӯри Венесуэла
    Николас Мадоро-раиси ҷумҳӯри Венесуэла

Порс тудей - Раиси ҷумҳӯри Венесуэла таъкид кард : Барои дифоъ аз ҳокимияти миллии Венесуэла омода « муборизаи мусаллаҳона » ҳастем.

Николас Мадоро-раиси ҷумҳӯри Венесуэла рӯзи ҷумъа дар ҷамъи даҳҳо ҳазор нафар аз неруҳои мардумӣ , зимни адои савганди 47 ҳазор фармондеҳи маҳаллӣ гуфт : Миллати Венесуэла хоҳони сулҳ аст, аммо дар баробари таҳдидоти ҷараёнҳои ифротӣ ва ҳомиёни хориҷии онҳо , лаҳзае барои вуруд ба « муборизаи мусаллаҳона » ва дифоъ аз ҳокимияти миллӣ тардид нахоҳад кард.