Ҷони Марвон ал-Барғусӣ дар зиндонҳои Исроил дар хатар аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123278-Ҷони_Марвон_ал_Барғусӣ_дар_зиндонҳои_Исроил_дар_хатар_аст
Порс тудей - Дафтари итилоърасонии асирони фаластинӣ ҳушдор дод, ки ҷони Марвон ал-Барғусӣ-раҳбари 66 солаи фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ аст.
(last modified 2025-12-06T06:11:14+00:00 )
Декабр 06, 2025 11:04 Asia/Dushanbe
  •   Марвон ал-Барғусӣ
    Марвон ал-Барғусӣ

Порс тудей - Дафтари итилоърасонии асирони фаластинӣ ҳушдор дод, ки ҷони Марвон ал-Барғусӣ-раҳбари 66 солаи фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ аст.

Дафтари итилоърасонии асирони фаластинӣ рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард : Ҳамзамон бо идомаи ҳабси Марвон ал-Барғусӣ дар ҳуҷраҳои инфиродӣ , маҳрӯмияти ӯ аз мулоқот  ва қарор гирифтан дар маърази шиканҷаву бадрафторӣ ва таҳдидҳои ошкори Итамар бен Гуир-вазири амнияти дохилии режими Исроил , нишондиҳандаи вуҷӯди нияти мустақим барои ба хатар андохтани ҷони ӯ аст.
Марвон ал-Барғусӣ аз раҳбарони барҷастаи ҷунбиши Фатҳ ва намояндаи собиқи Маҷлиси Фаластин аст, ки дар соли 2002 ( 1381 ) тавассути режими саҳюнистии боздошт ва ба панҷ бор ҳабси абад маҳкум шуд. Ӯ ба фармондеҳии « катоиби шуҳадои алқсо » ва тарроҳии ҳамлаҳое дар интифозаи дувум муттаҳам шудааст.