Гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷаи Эрону Миср
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123282-Гуфтугӯи_телефонии_вазирони_умури_хориҷаи_Эрону_Миср
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Бадр Абдулъотӣ, вазири умури хориҷаи Миср дар тамоси телефонӣ дар хусӯси равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа, ройзанӣ ва табодули назар карданд.
(last modified 2025-12-07T04:34:44+00:00 )
Декабр 07, 2025 09:33 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷаи Эрону Миср

Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Бадр Абдулъотӣ, вазири умури хориҷаи Миср дар тамоси телефонӣ дар хусӯси равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа, ройзанӣ ва табодули назар карданд.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Бадр Абдулъотӣ, вазири умури хориҷаи Миср баъд аз зуҳри шанбе дар тамоси телефонӣ дар хусӯси равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа, ройзанӣ ва табодули назар карданд. Ду вазир зимни баррасии равобити дуҷониба, барои идомаи гуфтугӯҳо бо ҳадафи тавсеаи равобити фимобайн тавофуқ карданд. Тарафайн ҳамчунин зимни баррасии охирин таҳаввулоти минтақа бавижа вазъият дар Лубнону Ғазза дар натиҷаи идомаи таҷовузоту нақзҳои мукаррари оташбас аз сӯи режими саҳюнистӣ, бар зарурати иқдоми оҷили ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ таъкид карданд. /Хабаргузории Садо ва симо