Идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва Каронаи бохтарӣ
-
Идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва Каронаи бохтарӣ
Порс тудей - Ҷангандаҳову тӯпхонаи режими саҳюнистӣ бори дигар манотиқи мухталифи Ғаззаро ҳадаф қарор доданд ва ҳамзамон юришҳои густардае дар Каронаи бохтарӣ анҷом шуд.
Ҷангандаҳову тӯпхонаи режими саҳюнистӣ бори дигар манотиқи мухталифи Ғазза аз ҷумла шарқи шаҳри Ғазза , Хон Юнус ва урдӯгоҳи ал-Бариҷро ҳадаф қарор доданд ва қойиқҳои ҷангӣ низ соҳили Ғаззаро тирандозӣ карданд. Манобеи маҳаллӣ аз вахомати шароити инсонӣ дар урдӯгоҳҳои оворагон ба далели бориши шадид ва тахриби чодарҳо хабар доданд. Дар ҳамин ҳол кабинаи режими саҳюнистӣ бо баҳонаҷӯӣ дар бораи ҷасади як асири саҳюнист, аз вуруд ба музокироти марҳилаи дувуми оташбас худдорӣ мекунад ва муқовимати Фаластин эълом карда амалиёти ҷустуҷу дар шароити душвор идома дорад. Ҳамзамон низомиёни режими ишғолгар ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарӣ аз ҷумлаи Ҷанин , Ҷабъ , Ақабаи ҷабр , Дайри ҷарир , Байти римо ва Наблос юриши бурдаву шуморе аз фаластиниёнро боздошт карданд.