32 шаҳрванди Куба дар ҳамлаи Амрико ба Венесуэла кушта шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123708-32_шаҳрванди_Куба_дар_ҳамлаи_Амрико_ба_Венесуэла_кушта_шуданд
Порс-Тудей. Давлати Куба эълом кард, ки дар ҷараёни амалиёти низомии Амрико барои дастгирии раиси ҷумҳурии Венесуэла, 32 шаҳрванди Куба ҷони худро аз даст доданд.
(last modified 2026-01-05T05:07:21+00:00 )
Январ 05, 2026 10:05 Asia/Dushanbe
  • 32 шаҳрванди Куба дар ҳамлаи Амрико ба Венесуэла кушта шуданд
    32 шаҳрванди Куба дар ҳамлаи Амрико ба Венесуэла кушта шуданд

Порс-Тудей. Давлати Куба эълом кард, ки дар ҷараёни амалиёти низомии Амрико барои дастгирии раиси ҷумҳурии Венесуэла, 32 шаҳрванди Куба ҷони худро аз даст доданд.

Давлати Куба эълом кард, ки дар ҷараёни амалиёти низомии Амрико барои дастгирии раиси ҷумҳурии Венесуэла, 32 шаҳрванди Куба ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, кубаиҳо ба дархости Венесуэла дар маъмуриятҳое аз сӯи неруҳои мусаллаҳи инқилобӣ ва Вазорати дохилии Куба ҳузур доштанд.

Ҳавана барои бузургдошти қурбониёни ин ҳамла, ду рӯз азои умумӣ эълом кардааст. Мигел Диаз Канел, раиси ҷумҳурии Куба иқдомоти Амрикоро тероризми давлатии алайҳи мардуми шуҷои Венесуэла ва алайҳи “Амрикои мо” хонд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико таъйид кард, ки теъдоде аз кубоиҳо дар ин амалиёт кушта шудаанд ва афзуд: Онҳо дар талош барои муҳофизат аз Николас Мадуро ҳадаф қарор гирифтанд. /ИРНА