Режими саҳюнистӣ 15 фаластиниро ба шаҳодат расонд
-
Режими саҳюнистӣ 15 фаластиниро ба шаҳодат расонд
Порс тудей - Манобеи фаластинӣ эълом карданд режими саҳюнистӣ ҳамчунон бо поймолсозии оташбас ҳамлаҳо ба фаластиниҳоро дар навори Ғазза идома медиҳад ва тайи 24 соъати гузашта 15 фаластиниро ба шаҳодат расондааст.
Ин режим тайи 24 соъати гузашта манотиқи мухталифи навори Ғазза ва аз ҷумла Рафаҳ ва шарқи Ҷиболиёро ҳадафи ҳамалоти сангини худ қарор дода, ки тайи ин муддат 15 нафарро, ки панҷ нафари онҳо кӯдак ҳастанд , ба шаҳодат расондааст. Манобеи фаластинӣ эълом карданд бар асари ин ҳамалот даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шудаанд. Дафтари расонаии давлат дар навори Ғазза дар гузорише аз 1193 мавриди нақзи оташбас тавассути режими саҳюнистӣ хабар дод. Бар асоси ин гузориш дар тӯли 90 рӯзи гузашта пас аз барқарории оташбас , фақат 23019 мошини боркаши ҳомили кумаки вориди навори Ғазза шудааст; дар ҳоле кӣ дар ин муддат бояд 54 ҳазор мошини кумак вориди навори Ғазза мешудааст. Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза дар гузорише аз афзоиши шумори шаҳидони навори Ғазза ба 71 409 шаҳид хабар дода аст.