Эҳтимоли амалиёти низомии Амрико дар Мексика ва кишварҳои Амрикои лотин
Январ 17, 2026 12:06 Asia/Dushanbe
-
Таҳдид ба ҳамлаи низомии Амрико ба Мексика
Порс тудей-Мақомоти Вазорати ҷанги Амрико дар паи таҳдидҳои раиси ҷумҳурии ин кишвар зидди Мексика эълом карданд, ки эҳтимоли амалиёти низомӣ дар Мексика афзоиш пайдо кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти аршади низомӣ дар Амрико , ин кишвар мумкин аст амалиёти низомии густардае дар Мексика ва дигар кишварҳои Амрикои лотин анҷом диҳад. Ин хабар дар ҳоле аз сӯи мақомоти низомии Амрико мунташир шудааст, ки пештар Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии ин кишвар борҳо кишвари Мексикаро ба амалиёти низомӣ таҳдид карда буд. Раиси Ҷумҳурии Амрико таи рӯзҳои ахир ва пас аз таҷовуз ба Венесуэла бори дигар иқдоми низомӣ алайҳи ончӣ ки ӯ онро кортилҳои маводи мухаддир дар Мексика донист,матраҳ кард.
Барчасп