Март 25, 2023 16:47 Asia/Dushanbe
  • Этирофи маркази таҳқиқотии Конгресси Амрико ба шикасти тамоми гузинаҳои муқобили Эрон
    Этирофи маркази таҳқиқотии Конгресси Амрико ба шикасти тамоми гузинаҳои муқобили Эрон

Маркази таҳқиқотии Конгресси Амрико дар ҷадидтарин гузориши худ ба шикасти тамоми рокорҳои давлатҳои муътадиди Амрико аъам аз «таҳримҳои ҷомеъ, иқдомоти маҳдуди низомӣ ва таъомули дипламатик» дар маҳорати Эрон эътироф кардааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, маркази таҳқиқотии Конгресси Амрико дар ҷадидтарин гузориши худ, ки барои ниҳоди қонунгузории ин кишвар ирсол шуда ба шикасти тамоми роҳкорҳои давлатҳои муътаадиди Иёлоти Муттаҳида муқобили Эрон эътироф кардааст.

Маркази пажуҳишҳои Конгресси Амрико дар ин гузориш менависад: Кунгресс нақши калиди дар шакл додан ба сиёсатҳои Амрико дар қиболи Эрон бозӣ карда ва заминаи таҳримҳои густарда, таъмин кумак ва муҷавизи фурӯши силлоҳ ба шуракои мавриди таҳдиди Эрон,  талош барои асаргузори бар музокироти мартабит бо барномаи ҳастаии Эрон ва қонунгузорӣ дар хусуси баррасии тавофуқоти муртабитро фароҳам кардааст.

Дар бахши дигар аз ин гузориш изъон шуда, ки сиёсатҳои мухталифи Амрико дар қиболи Эрон мавқеъияте дар ҷлавгирӣ аз нуфӯзи Эрон ва тавоноии ин кишвар барои ба чолиш кашидани манофеъи Амрико доштааст.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: Дар соли 2023, Эрон аз нуфӯзи қобили таваҷҷӯҳе дар минтақаи Ғарби Осиё бархурдор аст ва дар ҳоли рушди ҷаддид бо Русия ва чин аст ва камокон қодир аст манофеъи Амрико дар минтақа ва фаросӯйи онро ба чолиш бикашад.

Барчасп