Кумаки яку ним миллиард тумонии Раҳбари инқилоб барои озодии зиндониён
Март 26, 2023 18:07 Asia/Dushanbe
Дар остонаи баргузории сию шашумин ҷашни гулрезони Ситоди дияи Эрон вижаи кумак ба озодии зиндониёни ниёзманд, Раҳбари инқилоби исломӣ маблағи понздаҳ миллиард риёл ба ин амри Худописандона ихтисос доданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ҷашни гулрезон ҳар сол дар моҳи мубораки Рамазон ба ҳиммати Ситоди мардумии расидагӣ ба умӯри дия ва кумак ба зиндониёни ниёзманд бо ҳузури ҷамъе аз масъӯлон ва хайрхоҳони некӯкор дар Теҳрон ва шаҳрҳои мухталифи ин кишвар баргузор мешавад .