Се ҷоизаи ҷашнвораи “Фрибург"-и Швейтсария ба ду филми эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i100190-Се_ҷоизаи_ҷашнвораи_Фрибург_и_Швейтсария_ба_ду_филми_эронӣ
Ду филми эронии "Ҷанги ҷаҳонии сеюм" ва "Мӯхӯра" барандаи 3 ҷоизаи ҷашнвораи "Фрибурги"-и Швейтсария шуданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 27, 2023 12:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаҳои синамогарони эронӣ
    Ҷоизаҳои синамогарони эронӣ

Ду филми эронии "Ҷанги ҷаҳонии сеюм" ва "Мӯхӯра" барандаи 3 ҷоизаи ҷашнвораи "Фрибурги"-и Швейтсария шуданд.

Сивуҳафтумин ҷашнвораи филми “Fribourg”-и Швейтсария бо эҳдои се ҷоиза ба синамои Эрон ба кори худ поён дод.

Ба гузориши “Сина-Эрон”, сивуҳафтумин ҷашнвораи филми “Фрибург”-и Швейтсария ба кори худ поён дод ва се ҷоиза насиби синамогарони эронӣ шуд.

Ҳумани Сайидӣ ҷоизаи вижаи ҳайати доварони мусобиқаи аслӣ ва низ сипосномаи ҳайати доварони ҷавонро барои филми «Ҷанги ҷаҳонии сеюм» ба худ ихтисос дод ва филми «Мӯхӯра» - сохтаи Алиризо Козимипур ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳи ҷашнвораро дарёфт кард.