Март 29, 2023 18:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми парвандаи ҳавопаймои украинӣ содир шуд

Раиси Созмони қазоии неруҳои мусаллаҳи Эрон аз судӯри ҳукми парвандаи ҳавопаймои украинӣ хабар дод ва гуфт : Ҳукми ин парванда то пеш аз поёни моҳи фарвардин эълом ва иблоғ хоҳад шуд .

Ба гузориши ИРНА, раиси Созмони қазоии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар вокуниш ба охирин вазъияти парвандаи ҳавопаймои украинӣ гуфт : Пас аз баргузории ҷаласоти додгоҳи ин парванда бо вуҷӯди инки дар таътилоти наврӯзӣ ба сар мебарем,ҳукми он содир шудааст .
Ҳуҷҷатилислом Пурхоқонӣ афзуд :Ҳукми содиршуда дар хусӯси парвандаи ҳавопаймои украинӣ то пеш аз поёни моҳи фарвардин эълом ва иблоғ хоҳад шуд .