Амирабдуллоҳиён бо Лавров дидору гуфтугу кард
Вазирони умури хориҷаи Эрону Русия дар бораи муҳимтарин масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ дидору гуфтугӯ карданд .
Ба гузориши хабаргузории Форс,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар садри ҳайате ба Маскав сафар кардааст,имрӯз ( чаҳоршанбе ) бо Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар бора мавзӯъоти муртабит бо масоили дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаиву байналмилалӣ табодули назар кард .
Амирабдуллоҳиён шомгоҳи сешанбе дар оғози вуруд ба Маскав дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар бораи Барҷом ва мавзӯъоти дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ бо Лавров гуфтугу хоҳад кард.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин бо баёни инки ҳамкориҳои дифоии Эрону Русия зидди ҳеҷ тарафе нахоҳад буд, гуфт : Ҳаҷми табодули тиҷории ду кишвар дар яку ним соли гузашта ба беш аз 3.5 баробар афзоиш пайдо кардааст.