Амирабдуллоҳиён: Муносибот бо Русия дар масири дуруст қарор дорад
(last modified Thu, 30 Mar 2023 08:50:18 GMT )
Март 30, 2023 13:50 Asia/Dushanbe
  • Муносиботи Русия ва Эрон
    Муносиботи Русия ва Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, муносиботи Эрону Русия дар масири дурусти худ қарор дораду тамосҳои ду кишвар дар сутуҳи мухталиф суръат гирифтааст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Леонид Слутский, раиси Комиссияи равобити хориҷии Дума ва раиси Ҳизби либерал – демократи Русия, сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба Эрон ва мулоқот бо Раҳбари муаззами инқилоби исломиро таҳаввули муҳим дар муносиботи дуҷониба донист.

Амирабдуллоҳиён бо баёни ин ки дипломатияи порлумонӣ саҳми муҳиме дар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дорад, афзуд: Дар Комиссияи олии ҳамкориҳои порлумонии Эрону Русия, илова бар раисони комиссияи ду порлумон, мақомоти давлатии ду кишвар ҳам ҳузур доранду тамосҳо ва дидорҳои мақомоти ду кишвар дар сутуҳи мухталиф шитоб гирифтааст.

Раиси Комиссияи сиёсати хориҷии Думаи Русия низ бо баёни ин ки Русия тавваҷуҳи бисёр зиёде ба пружаҳои муҳим, аз ҷумла каридори Шимол - Ҷануб дорад, аз ҳамкориҳои шаффофи Эрон бо давлати Русия қадрдонӣ кард.