Вазири умури хориҷаи Эрон: Ҳар гуна тағйир дар геополитикаи минтақа мардуд аст
(last modified Thu, 30 Mar 2023 10:16:13 GMT )
Март 30, 2023 15:16 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон
    Вазири умури хориҷаи Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳар гуна тағйир дар геополитикаи минтақа бо ҳар тавҷеҳе ки бошад, мардуд аст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия афзуд, дар бораи таҳаввулоти ҷорӣ дар Қафқоз тамаркузи вижае шуд, зеро идомаи таниш дар ин минтақа ба нафъи ҳеҷ кадом аз тарафайни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон нест ва амният дар ин минтақа ба нафъи сулҳу суботу амнияти кулли минтақа аст.

Амирабдуллоҳиён бо баёни ин ки талош барои тағйироти геополитикӣ дар минтақа омиле барои печидатар шудани ҳарчӣ бештари вазъият дар минтақа хоҳад шуд, гуфт: Бояд аз тариқи гуфтугӯ ва роҳи ҳалли сиёсии тарафҳои мухталиф, мушкилоти минтақа ҳаллу фасл шавад.

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Эрону Русия, ба вижа дар якуним соли гузашта низ гуфт: Пешрафтҳои хубе ҳосил шудаасту ҳаҷми табодулоти тиҷории ду кишвар ба беш аз севуним баробар афзоиш пайдо кардааст.

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон дар бораи эҳёи равобити Теҳрону Риёз ҳам гуфт, ба зудӣ бо вазири умури хориҷаи Арабистон дидор ва дар бораи бозгашти равобити дуҷониба ва бозкушоии сафоратҳо табодули назар хоҳад кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён шомгоҳи сешанбе дар садри ҳайате ба Маскав сафар кард.