Баёнияи артиши Эрон ба муносибати рӯзи Ҷумҳурии исломӣ
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дувоздаҳуми фарвардинмоҳ - рӯзи "Ҷумҳурии исломӣ"-ро дастоварди бузурги таърихӣ эълом кард.
Пас аз пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломӣ ба раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ), дар фарвардини соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ (1979 мелодӣ) ҳамапурсии ҷумҳурии исломӣ дар саросари Эрон баргузор шуд.
Бар асоси натоиҷи ин ҳамапурсӣ, ки дар дувоздаҳуми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ (аввали апрели 1979) эълом шуд, беш аз 98 дарсади воҷидини ширкат дар ҳамапурсӣ, бо барқарории ҷумҳурии исломӣ мувофиқат карданд.
Ба ҳамин муносибат, рӯзи дувоздаҳуми фарвардин дар тақвими Эрон рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон номгузорӣ шудааст.
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо судури баёнияе эълом кард: “Миллати огоҳу фаҳими Эрони исломӣ бо дарки саҳеҳ аз шароити кишвар дар дувоздаҳуми фарвардини 1358, бо раъйи қотеъ ва ҳаддиаксарии худ, ҷумҳурии исломиро ба унвони низоми матлуб дар кишвар баргузиданд ва бо илҳом аз қавонину таолими наҷотбахши Ислом, “исломият" ва "ҷумҳурият"-и низоми сиёсии кишварро тазмин ва ин рӯзро ба нуқтаи атфе дар таърихи сиёсии муосири Эрон табдил карданд ва истиқлолу иззатро барои кишвари азизамон ба армуғон оварданд.
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо гиромидошти дувоздаҳуми фарвардин, рӯзи “Ҷумҳурии исломӣ” гуфт: Фарзандони ғаюри миллати Эрон дар артиш бо қудрати комил аз низоми исломӣ, ки дастоварди миллати ғаюри Эрону ҳосили хуни ҳазорон шаҳиди гулгункафану муҷоҳидати холисонаи исоргарон аст, то пои ҷон сиёнат ва нигоҳбонӣ хоҳанд кард ва ҳар тааррузиро нисбат ба тамомияти арзӣ, истиқлолу низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон бо иқдоми кӯбанда ва бамавқеъ посух хоҳад дод.