Мавҷи 57 амалиёти ваъдаи Содиқи 4 ба ёди хурдсолтарин шаҳиди ҷанги Рамазон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124450-Мавҷи_57_амалиёти_ваъдаи_Содиқи_4_ба_ёди_хурдсолтарин_шаҳиди_ҷанги_Рамазон
Порс Тудей- равобитумумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз иҷрои маҷи 57 амалиёти ваъдаи Содиқи 4 зидди аҳдофи амрикоӣ-саҳюнистӣ дар минтақа хабар дод.
(last modified 2026-03-17T03:30:56+00:00 )
Март 17, 2026 08:28 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи 57 амалиёти ваъдаи Содиқи 4 ба ёди хурдсолтарин шаҳиди ҷанги Рамазон

Порс Тудей- равобитумумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз иҷрои маҷи 57 амалиёти ваъдаи Содиқи 4 зидди аҳдофи амрикоӣ-саҳюнистӣ дар минтақа хабар дод.

Ба гузориши Порс Тудей равобитумумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо судури баёнияи эълом кард: Мавҷи 57 амалиёти ваъдаи Содиқи 4 бо рамзи мубораки "Ё Сайидал Соҷидин(а)" ба хурдсолтарин ҷанги Рамазон Муҷтабои се руза ки рузи душанбе дар оғши модараш ҳамроҳ бо хонавода ба шаҳодат расид тақдим шуд.

Ба гуфтаи равобит умумии Сипоҳи посдорон дар ин мавҷ аҳдофи дар қалби сарзаминҳои ишғолӣ шомили зерсохтҳои иртиботи фармондеҳи ва кантрол ва дифоъи мушаки бо сомонаи дақиқ ва нуқтазани Хайбаршикан ва Имод ва Қадр пойгоҳи Ал-Удайд маҳали истиқрори терористҳои амрикоӣ бо мушакҳои нуқтазани миёнбурд, сухти ҷомед ва мояи Зулфиқор ва Қиём ва паҳподҳои ҳушманд ва инҳидоми дар шаби 27 моҳи мубораки Рамазон бо мувафақият ҳадаф қарор гирифт.