Шаҳодати мусташори низомии Эрон дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i100328-Шаҳодати_мусташори_низомии_Эрон_дар_ҳамлаи_режими_саҳюнистӣ_ба_Сурия
Посдор Мелоди Ҳайдарӣ, аз мусташорони низомии Эрон дар ҳамлаи ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба атрофи Димишқ, пойтахти Сурия ба шаҳодат расид.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 31, 2023 18:13 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати мусташори низомии Эрон
    Шаҳодати мусташори низомии Эрон

Посдор Мелоди Ҳайдарӣ, аз мусташорони низомии Эрон дар ҳамлаи ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба атрофи Димишқ, пойтахти Сурия ба шаҳодат расид.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар иттилоияе бо маҳкумияти сукут ва беамалии ҷомеаи муассири ҷаҳонӣ дар қиболи ҷиноятофариниҳову таҷовузоти мукаррари режими саҳюнистӣ ва идомаи нақзи ҳокимияту тамомияти сарзаминии як кишвари мустақили узви СММ таъкид кард: Бетардид режими ҷаъливу ҷинояткори саҳюнистӣ посухи ин ҷиноятро дарёфт хоҳад кард.

Бомбафканҳои режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) чанд ҳадафро дар Димишқ бомбаборон карданд.

Бинобар эъломи расонаҳои сурӣ, минтақаи Алдимос мавриди ҳамлаи бомбафканҳои мутаҷовизи режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст.

Падофанди ҳавоии артиш Сурия тавонист чанд фарванд аз ракетаҳои шилликшударо раҳгирӣ ва мунҳадим кунад.