Таслияти солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷаи Кубро (с)
-
Вафоти ҳазрати Хадиҷа (с.а)
Даҳуми моҳи мубораки Рамазон - солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с.а), ҳамсари гиромии ҳазрати Муҳамад (с) - паёмбари Ислом аст.
Ҳазрати Хадиҷа (с.а), ки аз занони номдору сарватманди Қурайш буд, понздаҳ сол қабл аз беъсат бо паёмбари гиромии Ислом (с) издивоҷ кард.
Ин бонӯи бузургвор нахустин зане буд, ки ба рисолати паёмбар имон овард ва бо тамоми тавону сарвати худ ба ёрии дини Ислом бархест.
Ҳазрати Хадиҷа (с.а) қабл аз Ислом низ ба хотири доро будани сифоти писандидаву фазоили ахлоқиву покдоманӣ “Тоҳира” лақаб гирифта буд.
Вуҷуди ҳазрати Хадиҷа (с.а) барои паёмбари гиромии Ислом (с) ба қадре аҳамият дошт, ки паёмбари акрам (с) реҳлати ин бонӯи бузургро мусибате азим хонданду соли реҳлати ҳазрати Хадиҷа (с.а) ва ҳомии бузурги дигари худ, яъне амӯи худ ҳазрати Абӯтолиб (а)-ро омулҳузн, яъне соли андӯҳ номиданд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с) -ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти гиромии паёмбари Ислом ва дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.