Генерал Тангсирӣ: Барои ҳифзу суботи амнияти оброҳ ба сурати тамомвақт талош мекунем
(last modified Mon, 03 Apr 2023 16:42:42 GMT )
Апрел 03, 2023 21:42 Asia/Dushanbe
  • Генерал Тангсир: Барои ҳифзу суботи амнияти оброҳ ба сурати тамомвақт талош мекунем
    Генерал Тангсир: Барои ҳифзу суботи амнияти оброҳ ба сурати тамомвақт талош мекунем

Фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Барои ҳифзи суботи амният оброҳҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба сурати тамомвақт талош мекунем.

Адмирал Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи неруи дарёӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Барои ҳифзи суботи амният оброҳҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳифз ва сиёнат аз тарадуди шиноварҳои саёди, тиҷорӣ ва нефткашҳо дар дарёҳо ва обҳои дурдаст ба сурати тамомвақт бо ҳамкории муассир ва ҳамафзоӣ неруи дарёӣ артиш талош мекунем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобит умумии неруи дарёӣ Сипоҳ адмирал Тангсирӣ афзуд: Яке аз замонатҳои лозим барои рушди тавлид ва таъмини амнияти чархаи тавлид ва мубодилоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ аст, ки дар неруи дарёӣ сипоҳ ба дунболи таҳаққуқи ин амр ҳастем.

Ба гуфтаи адмирал Тангсирӣ иқдомоти мудабирона ва шоистаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ нисбат ба таъини шиъори соли ҷадиди 1402 мабни бар маҳори таварум, рушди тавлид як роҳбурди асоси ва маншури корбари аст.