Табодули 4 санади ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум миёни Эрону Тоҷикистон
(last modified Thu, 29 May 2025 11:13:32 GMT )
Май 29, 2025 16:13 Asia/Dushanbe
  • Табодули 4 санади ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум миёни Эрону Тоҷикистон

Порс-Тудей. Имрӯз, панҷшанбе дар ҳузури муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, чаҳор санад ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкории муштарак байни мақомҳои олирутбаи ду кишвар табодул шуд.

Табодули Ёддошти тафоҳум байни Муассисаи кор ва таъмини иҷтимоии Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон ва Муассисаи давлатии пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанновариҳои Эрону Тоҷикистон байни Созмони тавсеаи ҳамкориҳои илмиву фанноваронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсати ҷумҳурӣ ва Ожонси инноватсия ва фанноварии рақамии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум байни роҳи оҳани ду кишвар ва Ёддошти тафоҳуми тасвияи мутолиботи ширкати “Фароб” аз Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, чаҳор санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар буд. /Исна