Апрел 04, 2023 09:52 Asia/Dushanbe
  • Арзиши содироти Туркия ба Эрон дар ду моҳ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл  1.5 дарсад афзоиш доштааст
    Арзиши содироти Туркия ба Эрон дар ду моҳ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 1.5 дарсад афзоиш доштааст

Идораи омори Туркия арзиши мубодилоти тиҷории ин кишвару Эрон дар ду моҳаи нахусти соли ҷориро 921 миллион доллар эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Идораи омори Туркия дируз сешанбе бо эъломи мубодилоти бозаргонии 921 миллиондолларии ду кишвар тасреҳ кард, арзиши содироти Туркия ба Эрон дар ин ду моҳ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 1.5 дарсад афзоиш доштааст. Арзиши содироти Туркия ба Эрон дар январу феврали соли ҷорӣ 471 миллион доллар ва дар соли 2022 ҳудуди 464 миллион доллар будааст .
Эрон низ дар ин муддат 451 миллион доллар коло ба Туркия содир кардааст.
Арзиши мубодилоти тиҷории Эрону Туркия дар соли 2022 бо рушди 15 дарсадӣ нисбат ба як соли пештар ба 6 миллиарду 420 миллион доллар расида буд.
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп