Боздид аз намоишгоҳи байналмилалии Қуръон дар Теҳрон ; то 15 апрел
-
Боздид аз ин намоишгоҳ то 15 апрел имконпазир аст
Сиюмин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим бо шиори " мехонамат " ки аз якуми апрел дар мусаллои Имом Хумайнӣ ( раҳ ) Теҳрон оғоз ба кор кардааст, то 15 апрел идома хоҳад ёфт .
Бахши байналмилалии сиюмин намоишгоҳи Қуръони Карим низ рӯзи душанбе бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ-вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон, сафироне аз кишварҳои исломӣ ва меҳмонони хориҷӣ ифтитоҳ шуд.
Бархе маҷмӯъаҳои байналмилалии Ҷумҳурии исломии Эрон монанди ҷомеъаи Алмустафо, Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ( ъ ) ва Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ дар намоишгоҳ ғурфа доранд ва ҳамчунин намояндагоне аз кишварҳои Русия,Ҳинд,Покистон,Тунис,Босния,Алҷазоир, Индонезия,Уммон, Шри-Ланка ва Нигерия низ дар намоишгоҳи имсол ҳузур доранд.