Рамазони Шариф: Роҳпаймоии рӯзи Қудс 25 фарвардин (14 апрел) баргузор мешавад
(last modified Tue, 04 Apr 2023 12:41:55 GMT )
Апрел 04, 2023 17:41 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи ҷаҳонии Қудс
    Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Раиси Ситоди интифоза ва рӯзи ҷаҳонии Қудс гуфт: “Фаластин меҳвари ваҳдати ҷаҳони Ислом; Қудс дар остонаи озодӣ” ба унвони шиори аслии рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол интихоб шудааст.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Сардори сартип Рамазони Шариф, раиси Ситоди интифоза ва рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯзи сешанбе дар дуюмин ҷаласаи ҳамоҳангии Ситоди марказии рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар нишасти хабарӣ бо баёни ин ки роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол ҷумъаи 25 фарвардин (23 моҳи Рамазон/ 14 апрели 2023) баргузор мешавад, афзуд: Ҳамзамонии рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол бо шабҳои Қадр хайру баракати музоафе барои ҷаҳони Ислом хоҳад дошт.

Ба гуфтаи раиси Ситоди интифоза ва рӯзи ҷаҳонии Қудс, мабдаи ҳамаи роҳпаймоиҳоии рӯзи ҷаҳонии Қудс масоҷиду ҳусайнияҳо ҳастанд ва мақсади ҳамаи онҳо ба меодгоҳи намози ҷумъа хатм хоҳад шуд.