Эрон дар қоби тасвир: Арӯсии курмонҷӣ
(last modified Wed, 05 Apr 2023 05:02:28 GMT )
Апрел 05, 2023 10:02 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар қоби тасвир: Арӯсии курмонҷӣ

Маросими арӯсӣ дар кишварҳо ва фарҳангҳо, адёну мазоҳиб, гурӯҳҳои қавмӣ ва ҳатто табақоти иҷтимоӣ гӯногӯн, дар ашколи мухталиф баргузор мешавад.

Ба эътиқоди бархе мардумшиносон, ҷашни издивоҷ аз муҳимтарин ва шодтарин маросимҳо дар миёни ҳар қавм ва миллате аст. «Дова то курмонҷӣ» дар забони курмонҷӣ ба маънои ҷашни арӯсии курмонҷӣ аст.  Бо таваҷҷуҳ ба арзиш ва аҳаммияти маросими ҷашни арӯсӣ дар миёни ин ақвоми эронӣ, аносири арзишманд ва мунҳасир ба фарду нақши он дар таҳкими иҷтимои хонавода ва мардуми манотиқи мухталиф, дар 3 феврали 2005 дар феҳристи мироси номалмӯси кишвар ба сабт расид.