Апрел 05, 2023 19:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори раҳбарӣ бо аҳолии шеъру адаб
    Дидори раҳбарӣ бо аҳолии шеъру адаб

Дастёри вазири фарҳангу иршод исломии Эрон гуфт, бо оддӣ шудани вазъияти густариши бемории Ковид - 19 ва пас аз як ҳасрати сесола, мақоми муаззами раҳбарӣ имшаб, дар шаби мелоди имом Ҳасан (а) бо шоирон дидор мекунанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Алӣ Муҳаммади Муаддаб, дастёри вазири фарҳангу иршоди исломӣ дар умури шеър гуфт: Аз се соли пеш бо тавваҷуҳ ба густариши вируси корона аҳолии шеър аз дидор бо Раҳбари муаззами инқилоб маҳрум монданду мутаасифона, ҷаласаи дидор дар се соли гузашта баргузор нашуд. Аммо хушбахтона, имсол бо беҳбуди шароити ҳамагирии корона, шароити баргузории ин дидор фароҳам шудааст.

Имшаб, 16 фарвардин, аз ғуруби офтобу ифтор ба муносибати мелоди карими аҳли байт - имом Ҳасан (а), мақоми муаззами раҳбарӣ бо шоирон дидор мекунанд.