Апрел 06, 2023 12:16 Asia/Dushanbe
  • Табрики валодати Имом Ҳасан (а)
    Табрики валодати Имом Ҳасан (а)

(Панҷашбе) 17 фарвардини 1402 шамсӣ баробар бо 15 рамазони 1444 ҳиҷрии қамарӣ ва 6-ум апрели 2023, мусодиф бо солрӯзи мелоди фархундли ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо(а) аст.

Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ки дар нимаи моҳи мубораки рамазони соли саввуми ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина қадам ба арсаи вуҷӯд ниҳоданд, нахустин фарзанди ҳазрати  Алӣ (а) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) духтари Паёмбари Акрам (с) буданд, ки Худованд ба ин ду бузургавор иноят кард.

Ҳазрати Алӣ (а) бо ҳазрати Фотима (с) дар рӯзи валодати аввалин фарзандашон, кӯдаки хешро назди Расули Худо (с) бурданд то номе барояш интихоб фаромояд, Паёмбар (с) низ ба амри Худованд, номи ӯро "Ҳасан" ба маънои некӯ ва писандида гузоштанд.

Имом Ҳасан (а) ин ифтихорро дошт, ки ҳафт сол аз зиндагии хешро дар сояи пурмеҳри лутфи ҷадашон Паёмбари Ислом (с) сипари кунанд ва Ишон дар ин фурсати гаронбаҳо, аз анвори  тобноки вуҷӯди Паёмбари гиромии Ислом (с) баҳра бурданд ва пас аз он, 30 сол шогирди тезҳуш ва ёвари сидиқе барои падари гиромиашон ҳазрати Алӣ (а) буданд.

Садо ва Симои  Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, валодати ҳазрати Имом Ҳасан(а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳлубайту исмату таҳорат (а) табрик ва таҳният мегӯяд.

Барчасп