Таъкиди Эрон бар шикасти сиёсатҳои англисӣ ва саҳюнистӣ дар минтақа
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон сиёсатҳои Англия ва режими саҳюнистиро дар минтақа шикастхӯрда донист.
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, дар бораи таҳаррукоти минтақаии Англия ва режими саҳюнистӣ дар минтақа ва таҳдид ҷилва додани Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, сиёсатҳои Эрон возеҳ ва мушаххас аст ва ончӣ онҳо ба унвони нигаронӣ матраҳ мекунанд як тасаввури беасос ва хаёлпардозӣ аст.
Вай тасреҳ кард, фоҷиаҳои минтақа, ҳосили иқдомоти кишварҳои истеъморӣ ва режими саҳюнистӣ аст ва мавозеи онон дар ҳамроҳӣ бо кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, беасос ва таблиғотӣ аст.
Қосимӣ таъкид кард, кишварҳои минтақа ба қудрати Эрон огоҳ ҳастанд ва нигаронии онҳо ношӣ аз пешрафтҳои Эрон ва ҷойгоҳе аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа дорад.
Баҳроми Қосимӣ ҳамчунин аз нишасти сеҷонбаи вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар бораи таҳаввулоти Сурия хабар дод, ки фардо дар Маскав баргузор мешавад.
Қосимӣ дар хусуси вокуниши расмии Эрон ба нақзи тавофуқи ҳастаӣ дар оянда низ тасреҳ кард, Эрон аз ибтидои БАРҶОМ мисли ҳар қарордоди дигар барои ҳамаи шароит пешбиниҳо ва тарроҳиҳои лозимро дошта ва хушбахтона барои ҳар вазъияте омодааст.