Шаби Қадр ва азодориву дуо дар манотиқи мухталифи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i100818
Маросими дуюмин шаби эҳёи Қадр дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ва Ҳарами ҳазрати Маъсума ва соири маконҳои мазҳабӣ дар манотиқи мухталифи Эрон ва бо ҳузури зоирон баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 12, 2023 17:01 Asia/Dushanbe
  • Шабҳои Қадр дар Эрон
    Шабҳои Қадр дар Эрон

Маросими дуюмин шаби эҳёи Қадр дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ва Ҳарами ҳазрати Маъсума ва соири маконҳои мазҳабӣ дар манотиқи мухталифи Эрон ва бо ҳузури зоирон баргузор шуд.

Чаҳоршанбе, 21 моҳи Рамазони 1444 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 23 фарвардини 1402, мусодиф бо 12 апрели 2023, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) аст.

Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон Ибни Мулҷами Муродӣ, аз гуруҳи Хавориҷ дар ҳоле ки ҳазрати имом Алӣ дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки эшон фурӯд овард.

Ҳазрати Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан, дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд, яъне бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.

Шабҳои нуздаҳум, бистуякум ва бистусеюми моҳи мубораки Рамазон шабҳои Қадр аст ва мусулмонон бо шабзиндадорӣ, Қуръон бар сар гирифтан, ниёиш ва хондани дуо, бо Худои худ розу ниёз мекунанд.

Мардуми саросари Эрони исломӣ сешанбешаб дар дуюмин шаби Қадри моҳи мубораки Рамазон ва дар шаби шаҳодати имом Алӣ (а) ба азодорӣ ва сӯгворӣ пардохтанду ҳамзамон бо хондани дуои Ҷавшани кабиру Қуръон бар сар гирифтан, бо Худои худ розу ниёз карданд.