Апрел 13, 2023 11:51 Asia/Dushanbe
  • Иртиқои сомонаҳои паҳподии артиши Эрон дар ҳавзаи электроник
    Иртиқои сомонаҳои паҳподии артиши Эрон дар ҳавзаи электроник

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи заминии артиши Чумҳӯрии Исломии Эрон аз иртиқои сомонаҳои паҳподии нерӯи замини дар ҳавзаи ҷанги электроник хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амир сартип "  Нувзар Неъматӣ" ҷонишини нерӯи заминии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ҳошияи баргузории овардгоҳи бузурги дастовардҳои  НЗАҶИ ( нерӯи заминии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон) ва илҳоқи 1084 дастгоҳ анвоъи таҷҳизот ва таслиҳоти ҳавзаи разми заминӣ гуфт: Ба рӯз расонӣ ва тавлиди таҷҳизот яке аз муҳимтарин фаъолиятҳои нерӯи заминӣ дар ростои тасбити тавони дифоъии артиш маҳсуб мешавад.

Амир сартип Неъматӣ афзӯд: Нерӯи заминӣ дар ин росто мутаносиб бо ҷангҳои оянда силоҳо ва сомонаҳои худро тарроҳи ва вориди чархаи дифоъии кишвар кардааст.

Барчасп