Апрел 13, 2023 17:49 Asia/Dushanbe
  • Канъонии Чофӣ : Мувозинаи қувваҳо муддатҳост ба зарари режими ҷаълии Исроил ва ба нафъи Фаластин аст

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Мувозинаи қувваҳо муддатҳост, ки ба зарари режими ҷаълии Исроил ва ба нафъи миллати Фаластин тағйир кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонии Чофӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар тветте навишт : « Мероси шаҳиди Қудс сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ дар инсиҷом бахшидан ба ҷабҳаи муқовимату пур кардани дасти онҳо, беш аз пеш қобили руят аст . »
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон тасреҳ кард : Мувозинаи қуво муддатҳост ба зарари режими ҷаълии Исроил ва ба нафъи Фаластин тағйир кардааст.

 

Барчасп