Апрел 15, 2023 15:44 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Бандари Чобаҳор ҳалқаи интисоли транзетии минтақа
    Таҳлил: Бандари Чобаҳор ҳалқаи интисоли транзетии минтақа

Нахустин нишасти коргурӯҳи муштараки Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди зарфиятҳои бандари Чобаҳор дар шаҳри Бамбаии Ҳинд баргузор шуд.

Ҳадафи ин нишаст баррасии охарин вазъияти бандари Чобаҳори Эрон ва аҳамияти он дар транзети минтақаӣ ва иртиботи он бо кишвраҳои Осиёи Марказӣ буд. Бандари  Чобаҳор воқеъ дар дарёи Уммон бандари мудерн бо мавқеиятӣ мумтози роҳбӯрди дар ҷануб ва шарқӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эрон қарор дорад. Бар асоси қарордоди Теҳрон ва Деҳлии нав сармоягузори дар яке аз фозҳои ин бандар ба Ҳинд вогузор шудааст.

Ин бандар танҳо иртиботи миёни Ҳинд ва Афғонистон ва роҳи ин кишвар бо бозорҳои ҷаҳониро аз тариқи дарёи Уммон тасҳил мекунад балки дар чорчӯби каридури шимол-ҷанӯб низ метавон роҳи транзетии фавқулодае миёни Осиёи Марказӣ ва шибҳи қораи Ҳинд ва соири бозорҳои ҷаҳонӣ бошад. Аз инрӯ Ҳиндустон дар рақобат бо кишварҳои нав зуҳӯри иқтисодӣ ҳамчун Кареяи Ҷанубӣ дар саддаи тақвияти мавқеъияти иқтисодим худ дар кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ аст, ки бандари роҳбӯрдии Чобаҳор метавонад нақши асосӣ ва таъсиргузорро дар ин хусус ифо кунад.

Коршиноси масоъили роҳбӯрди дар Ҳинд мегӯяд:"Бандари Чобаҳори Эрон ба унвони муҳимтарин оброҳи муртабити уқёнусӣ, натанҳо мавқеъияти транзети ва интиқоли осон, амн ва арзонро коло тақвият мекунад балки Ҷумҳурии Исломии Эронро ба бозигари муҳим натанҳо дар Ғарб ва Осиёи  Марказӣ балки дар ҷаҳон табдил мекунад. Имрӯза  нақшии муҳим ва таъсиргузорро дар тиҷорати байналмиллалӣ ифо мекунад ва шимолу ҷанубӣ Эрон низ дороӣ оброҳҳои транзетӣ дар Халиҷи Форс ва дарёи Хазар аст, ки дарёи Уммон ва бандари Чобаҳор ҳам дар ҳамин росто аз аҳамияти зиёде бархурдор аст".

Бандари роҳбӯрдии Чобаҳор иловабар ҷозибаҳо ва мазиятҳои бандарӣ ба унвони минтақаӣ санъатӣ, тиҷорати озод ва гардишгарӣ низ шароити мумтозе дорад ба ҳамин далел бо таваҷҷӯҳ ба вуҷӯди тазминҳои минтақамм Чобаҳор ҷиҳати ҷазби сармоягузорӣ, рушди зерсохтҳои ин бандар ба манзури баҳрабардории комил аз зарфиятҳои он аз авлавиятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Аз инрӯ интизор ин аст, ки кишварҳои минтақа ба вижа Осиёи Марказӣ ҳам дар фаъолиятҳои бандар ва транзетии  Чобаҳор мушорикати фаъолтар дошта бошанд.

Коршиноси масоили байнамиллалӣ дар Ҳинд дар ин бора мегӯяд:" Бандари транзетии Чобаҳор нуқтаи интисоли кишварҳои минтақа ва уқёнус аст ва дар ростои  каридури шимолу ҷанӯб метавон таҳаввули асосӣ дар раванди густариши муносиботи тиҷори миёни шибҳи қораи Ҳинд ва Осиёи Марказӣ ифо намояд. Ин мавзӯъ бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши нақш ва аҳамияти оброҳо дар транзети коло аз мавқеъияти роҳбӯрдм ва мумтоз бархурдор аст."

Дар ҳар ҳол, ҳарчанд талошҳои Ҳинд барои эҷоди бастар ва шароити муносиботи тиҷорӣ ва транзетӣ бо кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ аз тариқи бандари  Чобаҳор бо аҳамият талқӣ мешавад аммо тасреъ ва таъҷили Деҳлии нав дар такмили таррҳои бандари Чобаҳор, ки ба Ҳинд вогузоро шуда аст қатъан метавонад дар тарғиби ҳарчӣ бештари кишварҳо ба истифода вз ин бандари роҳбӯрдм муассир бошад. Зеро дар иқтисод ва тиҷорати ҷаҳони имрӯз, суръати амали кишварҳо дар бастарсозӣ ва эҷоди таслиҳоти транзетӣ дар рушди муносиботи тиҷорӣ ҳарфи аввалро мезанад ва қатъан бандари роҳбӯрдии Чобаҳор дар ростои рақобати Ҳиндустон бо Чин низ истифода аз роҳҳои транзетӣ  метавонад нақши таъин кунанда ва муассир дошта бошад. Ба ҳамин далел Ҷумҳӯрии Исломии Эрон хоҳони баргузории нишасти дуввуми коргурӯҳи муштараки Ҳинд ва Осиёи Марказӣ дар Чобаҳор шудааст то кишварҳои ин ҳавза ҳарчӣ бештар ва аз наздик бо зарфиятҳо ва тавонмандиҳои бандари Чобаҳор ошно шаванд.