Афзоиши парвозҳои хориҷии фурудгоҳи Машҳад, устони Хуросони Разавӣ
(last modified Sun, 16 Apr 2023 12:02:25 GMT )
Апрел 16, 2023 17:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши парвозҳои хориҷии фурудгоҳи Машҳад, устони Хуросони Разавӣ

Мудири кулли фурудгоҳҳои Хуросони Разавӣ, шимоли шарқи Эрон гуфт, теъдоди парвозҳои хориҷии фурудгоҳи Машҳад дар соли 1401 шамсӣ нисбат ба сол қабл аз он, 82 дарсад рушд доштааст.

Маҳмуди Амонӣ, мудири кулли фурудгоҳҳои Хуросони Разавӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, 10 ҳазору 292 парвози вурудӣ ва хуруҷии хориҷӣ дар соли гузашта дар фурудгоҳи Машҳад анҷом шуд, ки ин теъдод дар соли қабл аз он панҷ ҳазору 658 парвоз буд. Амонӣ гуфт, дар маҷмӯъ соли гузашта як миллиону 372 ҳазору 558 нафар бо парвозҳои вурӯдӣ ва хуруҷии хориҷӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳошиминажоди Машҳад ҷо ба ҷо шудаанд, ки 99 дарсад нисбат ба соли қабл аз он афзоиши доштааст.