Апрел 16, 2023 17:03 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми конӯни зиддиамниятӣ тавассути нерӯҳои амниятӣ дар шимоли Эрон

Фармондиҳи сипоҳи Омул, устони Мозандарон, шимоли Эрон, аз инҳидоми конӯни зиддиамниятӣ ва шӯришии муртабит бо гурӯҳи террористии мунофиқин тавассути нерӯҳои амниятӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, полковник Обидин Доғмачӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, ба дунболи бархе иқдомоти зиддиамниятӣ дар шаҳристони Омул, сарбозони гумноми имом Замон (аҷ) дар Созмони иттилооти сипоҳи Карбало тайи анҷоми иқдомоти фаннӣ ва иттилоотӣ, муваффақ ба шиносоии авомили конӯни шӯришии вобаста ба созмони террористии мунофиқин дар ин шаҳристон шуданд.

Полковник Доғмачӣ афзуд, афроди дастгир шуда бо расонаҳои аслии созмонҳои террористӣ, ҳамкорӣ дошта ва зимни анҷоми иқдомоти зиддиамниятӣ, бо таҳияи видеоҳои мухталиф дар ҷараёни иғтишошот ва фарохонҳои ахир, бо таҳияи маводи оташзо ва коктейл молотова, бархе аз амволи умумӣ ва хусӯсиро тахриб ва мақарҳои низомиро мавриди ҳадаф қарор доданд.

 

Барчасп