Апрел 17, 2023 15:54 Asia/Dushanbe
  • Куштигири эронӣ дар садри бартарин фарангикорони сангинвазни ҷаҳон

Амини Мирзозода аз Эрон дар охирин раддабандии Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ дар садри бартаринҳои вазни 130 килограми куштии фарангӣ қарор гирифт.

Амини Мирзозода, ки тавониста буд дар рақобатҳои куштии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Остона бо иқтидор ба медоли тиллои қораи куҳан дар вазни 130 килограм даст пайдо кунад, ҷойгоҳи нахусти бартаринҳои ин вазнро дар ҷаҳон аз они худ кард.

Мирзозода дар соли 2022 низ муваффақ ба касби медоли нуқраи куштии фарангии рақобатҳои ҷаҳонии Белград шуд.

 

Барчасп