Имрӯз ; рӯзи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
Имрӯз сешанбе 29 фарвардин ( 18 апрел )-рӯзи таҷлилу такрими диловармардиҳову рашодатҳои хидматчиёни артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аст .
Номгузории 29 фарвардин ба номи рӯзи артиш аз ибтикороти Имом Хумайнӣ ( раҳ )-бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон буд; он ҳам дар шароите ки артиши Ҷумҳурии исломӣ бо коршиканиҳои мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯ буд .Ба гуфтаи Шоҳини Тақихонӣ-сухангӯи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамзамон бо рӯзи артишу ҳамосаофариниҳои неруи заминии қаҳрамон, рижаи саросарии ягон(қисм)ҳои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрону соири марокизи устонҳо баргузор мешавад .
Сухангӯи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо табрики фаро расидани рӯзи артиш афзуд : Дар талиъаи чиҳилу чаҳорумин солрӯзи судӯри паёми ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) мабнӣ бар эъломи бисту нуҳуми фарвардин ба унвони рӯзи артиш маросими рижаи ягонҳои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷавори боргоҳи малакӯтии ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва бо ҳузури раиси Ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Тақихонӣ бо баёни инки ба иллати ҳамзамонӣ бо айёми моҳи мубораки Рамазон маросими рижа бидӯни ҳузури ягонҳои пиёда баргузор мешавад, тасреҳ кард : Бахше аз тавони размии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аз муқобили ҷойгоҳ рижа хоҳанд рафт ва ба сурати ҳамзамон ягонҳои шиновари неруи дарёии артиш дар обҳои ҷанӯбии кишвар, теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз ҷангандаҳои неруии ҳавои артиш ва чархболҳо бо иҷрои рижа иқтидори худро ба намоиш хоҳанд гузошт .
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрони нақши муҳимме дар тақвияти тавони дифоӣ ва низомии Эрон дорад ва ҳамчунон аз манофеи Ҷумҳурии исломӣ дар арсаҳои мухталиф дифо кардааст .
Бештар бихонед :
- Рӯзи артиш, паради мошинии артиши ҷумҳурии исломии Эрон
-
Фармондеҳи неруи заминии артиш: Таҳарруки неруҳои заминӣ дар сатҳи артишҳои дунё камназир аст