Апрел 19, 2023 12:04 Asia/Dushanbe
  • Бартарии пурголи тими миллии футзали Эрон муқобили Узбекистон

Тими миллии футзали Эрон дар дуввумин дидори тадорукотии худ муқобили Узбекистон ба бартарии пургол расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дидори дуввуми тимҳои миллии футзали Эрону Узбекистон (сешанбе 29 фарвардин) дар толории шаҳид Дастгардии Теҳрон бо бартарии пурголи 8 ба яки шогирдони Шамсоӣ ба поён расид.

Миллипӯшони Эрон дар нимаи нахусти ин бозӣ бо натиҷаи 5 ба сифр тими бартари майдон буданд.

Тими миллии Эрон дар нахустин дидори дӯстонаи ду тим ҳам якшанбе бо натиҷаи 5 ба 3 муқобили ҳариф ба бартарӣ расид.

Тими миллии футзали Узбекистон барои баргузории ду бозии дӯстона бо миллипӯшони Эрон ба ин кишвар сафар кардааст.