Маросими ҷанозаи пайкари 127 шаҳид дар саросари Эрон
(last modified Sat, 30 Jul 2016 11:37:07 GMT )
Июл 30, 2016 16:37 Asia/Dushanbe
  • Маросими ҷанозаи пайкари 127 шаҳид дар саросари Эрон

Маросими ҷанозаи пайкари 127 шаҳиди даврони ҳашт сол "Дифои муқаддас", ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (ъ) бо ҳузури мардум ва ҷамъе аз масъулон дар 23 устони Эрон баргузор шуд.

Генерал Муҳаммад Боқирзода-фармондеҳи кумитаи ҷустуҷӯи мафқудони Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон имрӯз (шанбе), дар ҳошияи ин маросим гуфт, пайкари ин шаҳидон дар манотиқи амалиётӣ дар замони ҳашт сол ҷанги таҳмилии Ироқ зидди Эрон дар ҷануб ва ғарби Ироқ кашф шудааст.

Вай афзуд, ҳувияти 28 тан аз ин шаҳидон, шиносоӣ ва пайкари мутаҳҳари онон ба хонаводаҳояшон таҳвил дода шудааст ва дигар шаҳидон ба таври гумном дар нуқоти пешбинӣ шуда дар кишвар, ба хок супурда мешаванд .