Роҳёбии анимейшни эронии «Ганҷи аждаҳо» ба ҷашнвораи анимейшни Олмон
Анимейшни синамоии «Ганҷи аждаҳо» ба ҷашнвораи анимейшни Олмон роҳ ёфт.
Анимейшни «Ганҷи аждаҳо» ба коргардонии Ашкони Раҳгузар дар бахши анимейшнҳои дар ҳоли сохти (Work in Progress), ҷашнвораи анимейшн ITFS Олмон роҳ пайдо кард.
Ин бахш аз ҷашнвора ба тарҳҳои анимейшни мунтахабӣ мепардозад, ки дар мароҳили мухталифи тавлид аз «иддеа» то «сохт» қарор доранд ва коргардонону таҳиякунандагон аввалин бахшҳои тарҳҳои худро дар ин ҷашнвора ироа медиҳанд.
Ин ҷашнвора яке аз муътабартарин ҷашнвораҳои анимейшн дар ҷаҳон аст, ки ҳар сола дар Олмон баргузор мешавад.
Ин ҷашнвора, ки бо номи расмии «Festival of Animated Film Stuttgart» шинохта мешавад, аз соли 1982 баргузор мешавад ва ба унвони яке аз қадимитарин ҷашнвораҳои анимейшн дар ҷаҳон шинохта мешавад.
Ин ҷашнвора 25 то 30 апрели 2023 мусодиф бо панҷум то даҳуми урдубиҳишти 1402 баргузор хоҳад шуд.