Таъкиди ҳайати ҳокимаи Афғонистон бар ҳаққобаи Эрон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар мавриди ҳаққобаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз рудхонаи Ҳирманд гуфт ҳайати ҳокимаи мувақати Афғонистон бар хилофи мақомоти қаблии ин кишвар бар ҳақобаи Эрон эътироф ва таъкид кард.
Бар асоси муъоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид саҳми Эрон аз оби рудхонаи Ҳирманд муъодили 820 миллион метри мукаъаб дар сол ва дар ҳудуди 26 метри мукаъаб дар сония аст, ки албата дар моҳҳои ва фаслҳои мухталиф тафовут мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон бо тавзеҳи иқдомоти Теҳрон барои таъмини ҳақобаи Эрон изҳор кард дар якуним соли гузашта ва ба дастури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугуҳои сареҳи худ бо сарпарасти Вазорати хориҷаи ҳайати ҳокимаи мувақати Афғонистон ҳамчунин дар пайгирии идомадори Ҳасани Козимии Қуми намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон ва Алиакбари Меҳробиён вазири неруи Эрон мавзуъи ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд ба таври ҷидди дунбол шуд.
Амир Абдуллоҳиён бо баёни ин ки Эрон ба талошҳои ҷамъи худ то ҳосил шудани натиҷаи матлуб идома медиҳад афзуд: Ҳайати ҳокимаи мувақати Афғонистон низ бар хилофи мақомоти қаблии ин кишвар бар ҳаққобаи Эрон эътироф ва таъкид дорад.