Иравонӣ: Иқдомоти қаҳрии якҷонибаи Амрико таҳдиди чандҷонибагарои аст
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом эъмоли муҷадади таҳримҳои ғайриқонунии зидди эронӣ иҷбори кишварҳо ба мушорикат дар ин иқдомоти ғайриқонуни ва сарпечи аз тасмимоти девони байналмилалии додгустариро намунаҳои боризи якҷонибагароӣ донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаъиди Иравонӣ сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти шурои амният дар мавриди чандҷонибагароӣ муассир аз тариқи дифоъ аз усули маншур гуфт иқдомоти қаҳрии якҷонибагароӣ аз ҷумла эъмоли фаросарзаминии онҳо намунаи нигаронкунанда аз иқдомоти зиёнбори якҷонибаи аст, ки бо усули асосии ҳуқуқи байналмилал маншури Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқи асосии башар муғоир аст.
Иравонӣ бо баёни ин ки иқдомоти Амрико маншури Созмони Милалро тазъиф ва чанҷонибагароиро таҳдид мекунад афзуд: Якҷонибаги ва асарбахшии чандҷонибагароӣ бо суиистифода аз системаи Созмони Милали Муттаҳид ва эъмоли гузиниши ҳуқуқи байналмилали ва ҳамчунин тавасул ба якҷонибагароӣ, ки таҳдиди ҷидди барои ҳамкори, сулҳ ва амнияти байналмилали аст тазъиф мешавад.