Апрел 28, 2023 20:38 Asia/Dushanbe
  • Сабаби заҳролудшавии донишомӯзон
    Сабаби заҳролудшавии донишомӯзон

Вазорати иттилооти Эрон дар баёнияе, дар бораи иллати масмумияти донишомӯзон эълом кард: Маводи саммӣ (заҳролуд) дар мадорис пахш нашуда, аммо авомили ғайрисаммӣ муҷиби эҷоди ҳарос шудааст.

Дар рӯзҳои гузашта теъдоде аз донишомӯзони мадорис дар бархе шаҳрҳои Эрон дучори масмумият шуданд, ки гуруҳҳои арзёбӣ ва тахассусӣ дар ҳоли баррасии иллати моҷарои ин масмумият ҳастанд.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати иттилооти Эрон, Вазорати иттилооти Эрон рӯзи ҷумъа дар баёнияе дар бораи ҳаводиси рухдода дар мадориси кишвар эълом кард: Маводи саммӣ дар ҳеҷ як аз мадориси кишвар пахш нашудааст, аммо авомили ғайрисаммӣ, ки муҷиби эҷоди ҳарос шудаанд, ба таври саҳвӣ ё амдӣ дар бархе аз муҳитҳои гузоришшуда истеъмол шудааст.

Дар идомаи баёнияи Вазорати иттилооти Эрон бо ишора ба дастури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои пайгирии вижаи ин мавзуъ ва бархӯрд бо авомили он омадааст: Дар теъдоде аз мавориди макшуфа, вуҷуди аҳдофи зиддиамниятӣ ва зиддимардумӣ бо ҳадафи эҷоди ноамнӣ ё доман задан ба ангораи заъфи амният дар кишвар, эҷоди илтиҳобу ошӯбу эътироз мушоҳида шудааст.

Дар баёнияи Вазорати иттилооти Эрон бо ишора ба ин ки теъдоде аз ҳозиқтарин пизишкону равоншиносони эронӣ фарзияи ҳароси ҷамъиро матраҳ намудаанд, омадааст: Дар ҳеҷ як аз ёфтаҳои саҳнаӣ ва баррасиҳои озмоишгоҳӣ дар муътабартарин озмоишгоҳҳои кишвар, ҳеҷ гуна моддаи саммӣ, ки қобилияти эҷоди масмумиятро доро бошад, мушоҳида нашуд ва ҳеҷ мавриди фавтӣ ё аворизи ҷисмонии моно ва баландмуддат вуҷуд надоштааст.

 

Барчасп