Апрел 29, 2023 11:50 Asia/Dushanbe
  •  Раиси Ҷумҳурии Ироқ вориди Теҳрон шуд

Раиси Ҷумҳурии Ироқ барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти олирутбаи Эрон дар садри ҳайате вориди Теҳрон шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонбдуллатиф Рашид -раиси Ҷумҳурии Ироқ, ки ба даъвати расмии Сайидиброҳими Раисӣ ба Эрон сафар кардааст, рӯзи шанбе дар фурудгоҳи байналмиллалии Меҳробод мавриди истиқболи Сайидэҳсони Хондузӣ- вазири умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрон қарор гирифт .
Қарор аст маросими истиқболи расмӣ аз раиси Ҷумҳурии Ироқ дар маҷмӯъаи фарҳангӣ - торихии Саъдобод баргузор шавад .
Ироқ дар миёни кишварҳои араби минтақаи ғарби Осиё дорои бештарини қаробатҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ бо Эрон аст.
Доштани тӯлонитарин марз дар миёни ҳамсоягон ( ҳудӯди 1258 километр марзи заминӣ ва 351 километри марзи обӣ ),пайвандҳои нажодӣ, торихӣ, забонӣ, иштирокоти динӣ ва вуҷуди таҳдидоту манофеи муштараки амниятӣ ва иқтисодӣ аз нукоти муҳим дар муносиботи Эрону Ироқ маҳсуб мешавад.
Густариши равобити Эрон бо Ироқ низ дар солҳои ахир ба далоили иштирокоти фаровони фарҳангӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ ҳамвора дар дастури кори мақомоти ду кишвар қарор доштааст .

 

Барчасп