Таҳлил. Рӯзе барои посдошти халиҷи ҳамешагии Форс
(last modified Mon, 01 May 2023 12:11:33 GMT )
Май 01, 2023 17:11 Asia/Dushanbe
  • Халиҷи Форс аслитарин номест, ки аз куҳантарин манобеъ бар ҷой мондааст
    Халиҷи Форс аслитарин номест, ки аз куҳантарин манобеъ бар ҷой мондааст

Рӯзи 10 урдибиҳишти 1402 ҳиҷрии шамсӣ – (30 апрели соли 2023) солрӯзи ихроҷи истеъморгарони португалӣ аз обҳои ҷанубии Эрон дар соли 1622 мелодӣ аст, ки ба унвони Рӯзи миллии халиҷи Форс номгузорӣ шудааст.

Халиҷи Форс паҳнае обӣ бо вусъати беш аз 237000 километри мураббаъ дар имтидоди дарёи Уммон ва дар миёни Эрон ва нимҷазираи Арабистон қарор дорад. Ин халиҷ як шоҳроҳи муҳими дарёӣ ва пас аз халиҷи Мексика ва халиҷи Ҳодсун, сеюмин халиҷи бузурги ҷаҳон аст, ки ба далели вуҷуди манобеи нафту газ минтақае муҳиму роҳбурдӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Номи таърихии ин халиҷ дар забонҳои гуногун, тарҷумаи иборати халиҷи Форс ё дарёи Порс будааст, аммо бархе аз кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс дар солҳои ахир бо таҳрики истеъмори Ғарб ба дунболи таҳрифи номи халиҷи Форс будаанд.

Бо вуҷуди ин, халиҷи Форс аслитарин номе аст, ки аз куҳантарин манобеъ бар ҷой мондааст. Ҷуғрофиядонону таърихнигорони исломӣ ҳамчун Табарӣ, Масъудӣ ва Яъқубӣ ба иттифоқ дар кутуби хаттии баҷоймонда аз худ гуфтаанд, ки тамомии навоҳии халиҷи Порс дар давраҳои пеш аз Ислом ба Эрон таъаллуқ доштааст. Юнониҳои бостон низ ин халиҷро «Персикус синус», ки ҳамон халиҷи Форс аст, номидаанд.

Бар асоси дастуруламали дабирхонаи Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 14 майи соли 1999 (24 урдибиҳишти 1378) номи оброҳе, ки миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва нимҷазираи арабӣ қарор дорад, халиҷи Форс аст ва дар асноду интишороти Созмони Милали Муттаҳид лозим аст аз номи комили халиҷи Форс истифода шавад.

Ковушҳои бостоншиносӣ дар шаҳрҳои соҳилии халиҷи Форс фарҳанг, ҳунар ва иқтисоди эрониёнро дар гузаштаҳои дур нишон додааст. Ин тамаддун дар шимолу ҷануби халиҷи Форс реша доштаасту сокинони кунунии ҳамаи бахшҳову каронаҳои халиҷи Форс вомдору меросдори фарҳангу тамаддуни эронӣ ҳастанд.

Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон бо тавваҷуҳ ба ҳадаф қарор додани ҳувияти фарҳангиву таърихии миллати Эрон, даҳуми урдибиҳишт - Рӯзи ихроҷи португалиҳо аз тангаи Ҳурмузро ба унвони Рӯзи миллии халиҷи Форс номгузорӣ кардааст.

Халиҷи Форс аммо ба далели арзишҳои ҷуғрофиёӣ ва тамаддуниаш ҳамвора арсаи рақобату кашмакашҳои қудратҳои истеъморгар ва мутаҷовиз будааст, аз ҷумла даврони ҳузури бегонагон дар халиҷи Форс, султаи 150 солаи португалиҳо бар ин оброҳаву тангаи Ҳурмуз аст, ки дар соли 1622 мелодӣ поён ёфт.

Дар соли 1506 мелодӣ (885 хуршедӣ) португалиҳо ба сарпарастии нохудо Албукуерк - дарёнаварди машҳури португалӣ ба халиҷи Форс қадам гузоштанд. Албукуерк эътиқод дошт, ҳар кишваре бо дар ихтиёр гирифтани се нуқтаи Молога, Адан ва Ҳурмуз метавонад бар тиҷорати дунё ҳукумат кунад. Ин тафаккур боис шуд то португалиҳо пас аз муддате ҷазоири Қишм, Ҳурмуз ва Гамберон (Бандар Аббоси феълӣ)-ро низ ишғол кунанд, апрели соли 1622 сипоҳи Эрон ба раҳбарии Имомқулихон (яке аз сардорони гурҷии сипоҳи Сафавия, фарзанди Аллоҳвердихон) фатҳи Ҳурмуз (1622) - ро бо муваффақият анҷом доду ҷазираро аз бузургтарин императори қарн бозпас гирифт.

Истеъморгарони бритониёӣ низ дар мақтае аз таърихи халиҷи Форс чашми тамаъ ба ин минтақа доштанд, аммо онҳо низ саранҷом маҷбур ба хуруҷ аз минтақа шуданд. Англисҳо чаҳор бор ба Бушеҳр дар ҷануби Эрон ҳамла карданд ва ҳар бор уламо ҳукм ба дифоъ доданду сардороне чун Раисалии Дилворӣ ва Аҳмадхони Тангистонӣ ҳамоса офариданду истеъмори пирро шикаст доданд.

Табиист, ки  мавқеияти хоси халиҷи Форс ба унвони бузургтарин маркази иртиботӣ миёни се қораи ҷаҳон ва вуҷуди манобеи ғании нафту газ сабаб шудааст то ин минтақа яке аз манотиқи муҳими роҳбурдии дунё маҳсуб шавад.

Ин оброҳ ҳамчунин аҳамияте бисёр барои Эрон дорад. Тақрибан ҳамаи нафти Эрон аз халиҷи Форсу тангаи Ҳурмуз содир мешавад. Ҳудуди 80 дарсади тиҷорати Эрон низ аз тариқи ҳамлу нақли дарёӣ аз халиҷи Форс сурат мегирад. Афзун бар ин, буъди низомиву амниятии халиҷи Форс низ аз ҷойгоҳи вижае дар муносиботи хориҷии Эрон бархӯрдор аст.

Бар ҳамин асос, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бо таъкид бар сиёсати ҳамсоягӣ, ибрози умедворӣ кардааст, ин паҳнаи обӣ нишемангоҳи амнияту суботи минтақа ва намоди сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистӣ байни миллатҳои минтақа бошад ва дигарон ба барқарории сулҳу амнияти он ба дасти кишварҳои перомунии халиҷи Форс эҳтиром бигузоранд.

 

Бештар бихонед: