Ҷозеп Боррел: Ахлоқ ҷое дар сиёсати хориҷии Аврупо надорад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122970-Ҷозеп_Боррел_Ахлоқ_ҷое_дар_сиёсати_хориҷии_Аврупо_надорад
Порс-Тудеф. Масъули собиқи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт: Аврупо амиқан таҳти нуфузи лобиҳост, равобити худ бо (режим) Исроилро бар асоси манофеъ идора мекунаду буъди ахлоқӣ аҳамияте надорад.
(last modified 2025-11-17T10:02:17+00:00 )
Ноябр 17, 2025 15:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷозеп Боррел: Ахлоқ ҷое дар сиёсати хориҷии Аврупо надорад
    Ҷозеп Боррел: Ахлоқ ҷое дар сиёсати хориҷии Аврупо надорад

Порс-Тудеф. Масъули собиқи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт: Аврупо амиқан таҳти нуфузи лобиҳост, равобити худ бо (режим) Исроилро бар асоси манофеъ идора мекунаду буъди ахлоқӣ аҳамияте надорад.

Ҷозеп Боррел, масъули собиқи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо интиқоди тунд аз рӯйкарди Ғарб эътироф кард, ки Аврупо ҳамчунон гаравгони таъриху лобиҳост. Қоррае ки ахлоқро қурбонии манофеъ карда ва (режим) Исроилро таҷассуми роҳбурдҳои сиёсиву иқтисодии худ медонад. Боррел афзуд: Ончӣ ки дар Аврупо муҳим аст, буъди стратегӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст ва Исроил барои Аврупо таҷассуми ҳамин абъод аст.