Рӯзи муаллим дар Эрон ; солрӯзи шаҳодати устод Муртазо Мутаҳҳарӣ
(last modified Tue, 02 May 2023 04:15:09 GMT )
Май 02, 2023 09:15 Asia/Dushanbe
  •  Рӯзи муаллим дар Эрон ; солрӯзи шаҳодати устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Имрӯз сешанбеи солрӯзи шаҳодати устод Муртазо Мутаҳҳарӣ ва гиромидошти мақоми шомихи муаллим дар Эрон аст .

Пас аз шаҳодати устод Муртазо Мутаҳҳарӣ,  исломшинослим ва файласуфи мавриди алоқаи фарҳехтагон дар аввали маи 1979 ба дасти душманон, ин рӯз дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон « Рӯзи муаллим » номгузорӣ шудааст .
Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар даврони таҳсил дар шаҳри Қум илова бар фарогирии масоили илмӣ дар заминаи муборизоти сиёсӣ низ фаъол буд ва аз оғози Инқилоби исломӣ аз фаъолони ин наҳзат ва аз ёрони наздики ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ )-бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон ба шумор меомад .
Андешманди шаҳид, устод Муртазо Мутаҳҳарӣ аз 12 солагӣ ба таҳсили муқаддамоти улӯми исломӣ пардохт ва барои такмили таҳсилоташ аз маҳзари асотиди барҷастае ҳамчун оятуллоҳ Бурӯҷирдӣ, аллома Таботабоӣ ва Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар ҳавзаи илмияи Қум баҳра гирифт .
Шинохти амиқ аз Ислом ва низ огоҳӣ аз масоилу мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии асри ҳозир аз вижагиҳои шаҳид Мутаҳҳарӣ буд .